аҷал

аҷал
I
[اجل]
а
1. кит. муддат, мӯҳлат; вақт, ҳангом
2. ба охир расидани умр, марг; дард дигар, аҷал дигар (зарб.); аҷали муаллақ марги ногаҳонӣ; аҷал расидан умр ба интиҳо расидан, марг наздик шудан; агар аҷал амон диҳад зиндагиву саломатӣ бошад, агар намурам…; аз дасти аҷал халос кардан аз марг раҳо додан, аз марг вораҳонидан; ба чанголи аҷал афтидан ба марг дучор шудан, ба мурдан расидан; бе аҷал куштан пеш аз вақт куштан, бе марги табиӣ нобуд кардан; бо аҷали худ мурдан бо марги табиӣ мурдан; тухми аҷал коштан ҳамаро ба ҳалокат расонидан, қир кардан
II
(аҷалл)
[اجل]
а. кит. ҷалилтар, боҷалолтар, бузургвортар

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»